Роҳбарияти мақомоти гумрук аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мужда расонд

Февраль 14, 2019 14:37

ДУШАНБЕ, 14.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти мақомоти гумруки  Тоҷикистон аз иҷро гардидани нақшаи ситонидани  пардохтҳои гумрукӣ дар соли гузашта мужда расонд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Каримзода имрӯз дар Душанбе ба хабарнигорон  иттилоъ  дод, ки  нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ  ба маблағи беш аз 4,8 миллиард сомонӣ  пешбинӣ гардида буд. Аммо  ба ҷои он ба буҷети давлат  4 миллиарду 858 миллион  сомонӣ ворид карда шуд, ки ин ба 101,2 фоизи   нақшаи пешбинигардида баробар аст.

Хуршед Каримзода афзуд, ки дар ин давра  нақшаи воридоти  андоз аз арзиши иловашуда 100,1 фоиз, боҷи гумрукӣ 100,6 фоиз, боҷи содиротӣ  119,6 фоиз, андози  аксизӣ 102,5 фоиз  ва нақшаи  воридоти ғайриандозӣ 103,4 фоиз  иҷро гардидаанд.

Сабаби соли гузашта барзиёд иҷро  гардидани нақшаи  пардохтҳои гумрукиро  роҳбарияти мақомоти гумрук ба зиёд ворид гардидани  молу воситаҳои нақлиёт  нисбат ба соли 2017  рабт доданд. Ҳамзамон   дар ин давра  зиёд ворид гардидани мол  ба амалӣ намудани чорабиниҳо  ҷиҳати такмили  низоми маъмурикунонии  гумрукӣ, аз ҷумла татбиқи дурусти  қонунгузории амалкунанда  барои муайян намудани   арзиши гумрукии  молу воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди  гумрукии ҷумҳурӣ воридшуда, таъмини  сифатнокии барасмиятдарории   гумрукии молҳои мавриди ниёзи мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, пурзӯр намудани фаъолият  ҷиҳати пешгирии воридоти  ғайриқонунии  молу  воситаҳои нақлиёт   ва назорати баъди барасмиятдарории  гумрукӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти  назорати давлатӣ ва  ҳифзи ҳуқуқ вобаста аст.

Февраль 14, 2019 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд