Роҳи Хоруғ-Ишкошим, ки бар асари фаромадани 20 тарма банд буд, дубора кушода шуд

Февраль 11, 2019 16:11

ХОРУҒ, 11.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боришоти барфи зиёди рўзҳои аввали моҳи феврал роҳи мошингарди Хоруғ- Ишкошим боз дар банди тармаҳо монд. Дар ин масир танҳо дар се – чор рӯзи охир боз 20 тарма рӯи роҳи мошингард рехт ва ҳаракати роҳро барои мошинҳои сабукраву боркаш ғайриимкон гардонид. Бо саъю талоши шабонарӯзии роҳсозони идораи «Бадахшонроҳ» давоми се рӯз тармаҳо пок ва ҳаракати мошинҳои гуногунтамға дубора барқарор гардид.

Бино ба иттилои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи мазкур Асрор Мирзонаботов,  ғафсии барф дар кӯҳдоманҳо то якуним метр расида, бо каме гарм шудани ҳаво шумораи тармафароӣ афзоиш ёфт. Ҳанӯз ҳам фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Аз  ин рӯ  се техникаи пуриқтидор дар ин мавзеъ қарор доранд.

Тармафароӣ ба сокинони деҳаи Андарби ноҳия низ хисороти моддӣ расонид. Сокини деҳаи мазкур Маҳрам Қурбонбеков гуфт, ки тарма як манзилро вайрон кард. Хушбахтона, соҳибони хонаро наҷот доданд, аммо 20 сар чорвои калону майда зери тарма монданд. Зиёда аз 50 дарахти сояафкану мевадор ҳам нобуд шуданд. Сокинони куҳансоли деҳа мегӯянд, ки дар 80 соли охир чунин боришоту тармафароиро мушоҳида накардаанд.

Февраль 11, 2019 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд