Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз Душанбе ба самти Хуҷанд муваққатан баста шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 — уми роҳи мошингарди Душанбе—Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Бино ба иттилои мавсуф, «ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Панҷакент, навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ таъмин аст. Бориши барф дар ин масир 8 октябри соли гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то рафтуомади бе монеа ва пайвастаи шаҳрвандон тариқи роҳи мошингарди ин минтақа таъмин бошад».
Далери Абдулло дар робита ба ҳолати кунунии роҳ гуфт, ки «айни замон сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароӣ кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Дар робита ба ин аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки муқаррароти мазкурро дар мадди назар дошта бошанд».
Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии обуҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор дода буданд, ки моҳи феврали соли равон дар муқоиса ба соли сипаришуда нисбатан сербориш хоҳад буд. Баробари кушодани шудани роҳи мазкур маълумоти фаврӣ пешниҳод мегардад.








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






