Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Хоруғ як автогрейдер ва як боркунаки фронталӣ тақдим кард

Февраль 5, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 05.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ду техникаи муосири роҳнигоҳдорӣ-автогрейдер ва боркунаки фронталӣ тақдим кард. Техникаи мазкур ба маблағи зиёда аз 1 млн. сомонӣ харида шуда, дар як вақт се амалро иҷро мекунад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ доданд.

Тавре муовини сардори Раёсати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эгамбердӣ Хуҷаев зикр кард, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини паркҳои технологии муассисаҳои роҳнигаҳдории ВМКБ ва навоҳии минтақаи Рашт 81 адад техника ва механизми роҳсозӣ  бо харҷи беш аз 5 миллион доллар харидорӣ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 техникаи пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ ба қаламрави мамлакат  ворид карда мешаванд. 6 адад боркунаки фронталӣ аллакай ба ҳудуди вилоят ворид шудаанд.

Техникаи муосири роҳсозӣ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саф ороста, дар ҳузури иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда шуд.

Февраль 5, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд