Рустами Эмомалӣ «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе»-ро таъсис дод

Февраль 22, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд.

Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  мақсади таъсис додани фонди мазкур татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди соҳибкорӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон, ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Зимнан, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рушди бомароми иқтисоди миллӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат бо мақсади рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар амал татбиқ карда шуданд.

Аз ҷумла, метавон аз он ёдовар шуд, ки моҳи октябри соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 зикр намуданд: «Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 133 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад».

Тавре дар қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ омадааст, яке аз мақсадҳои таъсиси фонди мазкур муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки масъалаҳои мазкур аз ҷумлаи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро  воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Мусаллам аст, ки бо  мақсади рушди соҳибкорӣ дар мамлакат Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудааст, ки муколамаи озоди давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.

Инчунин ҳоло дар мамлакат ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон гардидааст.

Бояд гуфт, ки мораторий бо мақсади  бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ  барои ду соли оянда эълон гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд.

Февраль 22, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид