Саъдӣ Каримов: «Мақсади Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» аз ҷониби мутахассисони Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар 180 деҳаи интихобгардидаи ноҳияҳои зерҳадаф ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон таъсис дода шуд. Ин нуктаро имрӯз директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримов ба хабарнигорони иброз дошт.
Ба иловаи номбурда, бо мақсади кишти саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосили зироати хӯроки чорвою зироати кишоварзӣ дар асоси дархости манфиатгирандагон техника ва мошинолоти зарурӣ дастрас карда шуда, барои истифода супорида шуданд. Барои хушзоткунии чорвои аҳолӣ ба ноҳияҳои зерҳадаф 600 сар қӯчкори зоти «Ҳисорӣ», 37 сар буққаҳои хушзоти сиёҳало ва швидӣ ва 30 маҷмӯъ асбобу анҷоми бордоркунии сунъии чорво ба манфиатгирандагон дастрас карда шуд.
«Дастгирии занони деҳот ҳадафи асосии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маҳсуб шуда, дар доираи Лоиҳа 200 нафар занони эҳтиёҷманд дар самтҳои занбӯрпарварӣ, маркетинги шир, парвариш ва бастубанди хуч ҷалб карда шуданд»,- гуфт директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо».
Бояд гуфт, ки Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) маблағгузорӣ шуда, мақсади асосии Лоиаи мазкур- ин паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳияҳои фарогир мебошад.
Ҳоло марҳилаи дуюми Лоиҳа мавриди амал қарор гирифта, он ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадониро фаро мегирад.








КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид






