Саршумори қутос дар Мурғоб ба 19 ҳазор сар расидааст. Имрӯз гӯшту шири он аз ҷиҳати экологӣ тозатарин ҳисобида мешавад

Февраль 8, 2019 10:18

ХОРУҒ, 08.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  То соли 2009 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 15 ҳазору 100 сар қутос мавҷуд буд. Маҳз  ҳамон сол Ҳукумати ҷумҳурӣ барои  рушди қутоспарварӣ  қарори махсус  ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ҳамасола барои рушди ин соҳа 200 ҳазор сомонӣ ва давоми панҷ сол 3 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Тавре сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдуласан Мамадасанов ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” гуфт,  «баъди қарори мазкур дар кишвар меъёру қоидаҳои миллии соҳаи қутоспарварӣ таҳия  ва аз тарафи Агентии “Тоҷикстандарт” ба қайд гирифта шуданд. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки саршумори қутос давоми 20 сол як баробар афзояд. То 1 январи соли равон танҳо дар хоҷагиҳои қутоспарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саршумори қутос ба 24 ҳазору 11 сар расид, ки 19 ҳазори он дар чарогоҳҳои баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб парвариш меёбанд. Афзоиши саршумори қутос   нархи ширу гӯшти онро дар як сатҳ нигоҳ дошт. Агар нархи як кило гӯшти ин навъи ҳайвон дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон 45-48 сомонӣ бошад, пас дар бозори шаҳри Хоруғ он 34 сомонӣ мебошад».

Қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба шумор рафта, гӯшту шири қутос аз ҷиҳати экологӣ тозатарин ҳисобида  мешаванд. Сол аз сол талабот  ба ин маҳсулот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон бештар мегардад.

Февраль 8, 2019 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд