Сатҳи омода намудани кормандони илмии баландихтисос дар Маркази миллии қонунгузорӣ чӣ гуна аст?-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 04.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии ин ниҳод баргузор гардид. Зимни нишаст ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди он ки соли 2018 аз ҷониби Маркази миллии қонунгузорӣ дар самти тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ чӣ корҳо анҷом дода шудаанд ва сатҳи тайёр намудани кормандони илмии баландихтисос чӣ гуна аст, директори Маркази миллии қонунгузорӣ Иззатулло Саидзода чунин посух дод:
«Дар ин давра аз сӯи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ 4 маҷаллаи «Қонунгузорӣ» нашр гардид. Ҳамчунин вобаста ба зӯроварӣ дар оила, таҳлили муқоисавии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳлили қонунгузории муқоисавӣ бо қонунгузории ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) дар самти андоз ва таҳлили муқоисавӣ дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тадқиқот гузаронида шуданд».
Директори Маркази миллии қонунгузорӣ иброз намуд, ки «қариб аксари кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ ҷавононанд. Онҳо мавзӯъҳои илмии алоҳида доранд, ки таҳқиқотро дар самтҳои гуногуни илми ҳуқуқ анҷом медиҳанд. Чоп шудани маводашон дар маҷаллаи “Қонунгузорӣ” натиҷаи баланд будани фаъолияти кории онҳо мебошад. Ҳамзамон дар оянда дар ин самт мо нақша дорем, ки корҳоро ҷоннок намоему тадбирҳо андешем».
Мавриди зикр аст, ки Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ таъсис дода шудааст. Он то имрӯз рисолати хешро дар самти такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ муваффақона анҷом дода истодааст.








Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






