Ширкати «IRS»: роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тармаҳо тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ду масир ба роҳ монда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Ба иттилои Далери Абдулло, «то ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минтақа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд».
Ҳамчунин ба таваҷҷуҳи ронандагон расонида мешавад, ки дар ин масир дар навбати аввал танҳо ба ҳаракати нақлиёти сабукрав иҷозат дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки давоми ду рӯзи охир бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуда буд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






