Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зиёд гардид

Февраль 4, 2019 11:05

ДУШАНБЕ, 04.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) Шукрулло Қурбоналӣ  ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ бо дигар донишгоҳҳо иброз дошт, ки «давоми соли 2018 донишгоҳ  бо 20 муассисаи  таҳсилоти касбии хориҷи кишвар шартномаи  ҳамкорӣ  ба имзо расонид. ДДМИТ бо   донишгоҳҳои Россия,   Қазоқистон, Латвия, Беларус, инчунин бо 4 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар зарфи як сол шартномаи ҳамкорӣ имзо намуд».

Бино ба иттилои ректор, давоми соли 2018 устодони донишгоҳҳои зикршуда барои омӯзонидани донишҷӯён   ба Донишгоҳи   давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  чандин сафар анҷом доданд. Инчунин профессорони ДМИТ низ бо ин мақсад ба хориҷи мамлакат сафар намуданд.

Зимни нишасти имрӯза зикр гардид, ки назар ба солҳои гузашта  соли 2018 шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ зиёд гардид.   Агар соли  2017 дар донишгоҳ 25 нафар  шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекарданд, соли 2018 ин шумора ба    282 нафар расид.  Шумораи зиёди ин донишҷӯён  аз   Ӯзбекистон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон  ва Федератсияи Россия мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки     27 марти соли 2018   бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи молия ва иқтисоди  Тоҷикистон   ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдили мақом кард.

 

Февраль 4, 2019 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад