Сироҷиддин Икромӣ: «Амонатбонк» дар самти ҷалби бештари занон ба низоми бонкӣ фаъол аст»

Февраль 5, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 05.02.2019/АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк», ки ягона бонки  давлатӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар самти ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон дар сохтори бонкӣ ба кор дар қиёс ба дигар бонкҳои кишвар муваффақ гардидааст.

Раиси тозатаъини Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»         Сироҷиддин Икромӣ   5 феврал дар Душанбе  дар ҷамъи  хабарнигорон бо дахли масъалаи мазкур гуфт, ки айни замон дар «Амонатбонк» 1087 нафар занон  фаъолият доранд, ки он 42,4 фоизи  шумораи умумии  кормандони  соҳибтахассусро ташкил медиҳад.

«Роҳбарияти «Амонатбонк» саъй намуда истодааст, ки  дар оянда  теъдоди занонро  дар низоми бонкӣ зиёд намуда,  панҷоҳ фоизи  шумораи кормандони  роҳбарикунандаи  филиалҳои БДА «Амонатбонк»-ро  аз ҳисоби занон таъмин намояд»,- иброз намуд С. Икромӣ.

Ҷалби бештари занон ба сохторҳои бонкии мамлакат дар ҳолест, ки Пешвои миллат дар Паёмашон  ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ дастур доданд, ки сафи кормандони бонкҳоро аз ҳисоби занон зиёд намоянд.

Февраль 5, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд