Сироҷиддин Муҳриддин: «Федератсияи Россия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики калидии стратегӣ аст»
ДУШАНБЕ, 05.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи Россия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики калидии стратегӣ ва дар доираи созмонҳои бонуфуз, назири Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ иттифоқчӣ мебошад. Ин нуктаро 5 феврал зимни брифинг дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баъд аз мулоқот бо ҳамтои россиягии худ Сергей Лавров ба хабарнигорон иброз дошт,-иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба сафари расмии вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, изҳор намуд, ки Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар доираи сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, маҷмӯи васеи масъалаҳои муҳими фарогири ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро баррасӣ намуданд.
Инчунин дар доираи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои марбут ба татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Россия, ҳамкории сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ, муҳоҷират, ҳарбӣ, ҳарбӣ–техникӣ, авзои минтақа, бахусус Афғонистон ва омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия матраҳ гардиданд.
Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров дар брифинг роҷеъ ба таҳкими ҳамкории судманди ду давлат — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ибрози назар карда, афзуд, ки Тоҷикистону Россия шарикони стратегӣ буда, ҳамкории мутақобилан судманди худро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҳарбӣ, ҳарбӣ–техникӣ, хусусан таҳкими амнияти минтақа ва тавсеаи ҳамкории илмию фарҳангӣ ва гуманитарӣ, хусусан бунёди мактабҳои омӯзиши забони русӣ, ҷалби омӯзгорони рус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон густариш медиҳанд.
Имрӯз ҳамчунин дар Душанбе баъди анҷоми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Федератсияи Россия Сергей Лавров Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2019 ба имзо расонида шуд.









Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд






