Сокинони Ҳисор бояд Рақами ягонаи мушаххаси андозсупорандаро сари вақт гирифта тавонанд-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Февраль 12, 2019 14:30

ҲИСОР, 12.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор бо назардошти буҳрони молиявии ҷаҳонӣ  соли 2018 ба маблағи 213,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2017 44,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ  ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин давра дар шаҳри Ҳисор  корхонаи васлу насби трактор-ҶСП «Агротехсервис», коргоҳи истеҳсоли коғази ташноб,  корхонаи оби нӯшокӣ- ҶДММ «БФ Тиҷорат»,  корхонаи коркарди нахи пахта- ҶДММ «Тиллои сафеди Ҳисор», корхонаи истеҳсоли бомпӯш, қубури асбестӣ (сангпахтагӣ) дар назди ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ва фабрикаи мурғпарварӣ ба истифода дода шуданд. Имрӯзҳо  дар ин корхонаҳо  беш аз 117 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд,- зикр гардид дар нишасти матбуотии шаҳр.

Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар»  оид ба мушкилоти гирифтани Рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда  аз Нозироти андози шаҳри Ҳисор намояндаи Нозироти мазкур ҷавоб дод, ки «бо сабаби он ки моҳи январи имсол дар ҷумҳурӣ барномаҳои компютерӣ ба тартиби нав гузаштанд,  муддати як моҳ онҳо фаъол набуданд. Аз ҳамин сабаб ин мушкилӣ ба вуҷуд омад. Дар айни замон он бартараф гардидааст».

Дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ имрӯзҳо гирифтани Рақами ягонаи мушаххас барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатмӣ  ва ройгон мебошад. Аз ин рӯ,  қисми зиёди шаҳрвандон дар вақти гирифтани ин ҳуҷҷат ё  дигар асноди зарурӣ ба мутахассисони Нозироти андоз муроҷиат менамоянд, вале аз сабаби хунукназарии онҳо ва зиёд будани шумораи муроҷиаткунандагон баъзе шаҳрвандон ҳафтаҳо ба мушкилии гирифтани ин ҳуҷҷат гирифторанд.

Қисми зиёди ҷавонону сокинони ҷамоатҳои деҳоти дурдасти шаҳр  аз он шикоят карданд, ки барои гирифтани Рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда ҳафтаҳо рафту омад ва барои роҳкиро садҳо сомонӣ сарф менамоянд. Аз ин хотир роҳбарияти  Нозироти андози шаҳри Ҳисорро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ба аҳолӣ  дар сатҳи баланд хизмат расонанд.

Февраль 12, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд