Соли 2018 ба иқтисодиёти Тоҷикистон 645 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст
ДУШАНБЕ, 12.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида ба иқтисодиёти Тоҷикистон 645 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 326 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли гузашта 12 феврал дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки «Кумита фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар кишвар равона намудааст».
Барои дарёфти сармояи хориҷӣ бо мақсади аз кишвари аграрӣ- саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани мамлакат ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии мамлакат мебошад, Кумитаи сармоягузорӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Соли гузашта бештар ба иқтисодиёти Тоҷикистон кишварҳои Чин, Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Белгия, Швейтсария, Франсия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои ҷаҳон сармоягузорӣ намудаанд. Корхонаҳои саноатии мамлакат, назири «Ширкати тоҷикию хитоӣ», «ФШДММ С.А.Минералс», «Оҳангудозии Тоҷикистон», «Кока-Кола- нӯшокиҳои Тоҷикистон», «ЗАРИНК», «КМ Муосир», «Пакрут», «Рушди кишоварзии Тоҷикистону Чин», «Алфапет», «Тк Ойл», «Нуриҳои Осиё», «ТАЛКО Голд», «Чунтай Данғара Син Силу» ва «Шивер» корхонаҳои саноатии кишваранд, ки ба ҷумҳурӣ сармояи мустақим ворид намудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар зарфи даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст. Қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат- энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.








«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






