Соли 2018 дар соҳаи табъу нашр дастовардҳои зиёд ба қайд гирифта шудаанд, -бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 9.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК «Матбуот» дар маҷмўъ 66 номгўй адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расониданд. Дар ин бора Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода 8 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, соли сипаригардида ба хазинаи Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» 1400 нусха китобҳои тозанашр, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, форсӣ ва чинӣ, инчунин бо ду ё се забони номбурда чоп шудаанд, ворид гардиданд.
Вазири фарҳанг иброз дошт, ки соли 2018 дар соҳаи табъу нашр дастовардҳои зиёд ба қайд гирифта шудаанд.
«Моҳи июни соли сипаригардида дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик», ки аз ҷониби «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик» интишор гардидааст, Шоҳҷоизаи озмунро сазовор гардид»,- афзуд Шамсиддин Орумбекзода.
Зикр гардид, ки дар озмуни мазкур ду китоби дигар: «Мероси фарҳанги ғайримодии Тоҷикистон» (нашриёти «Эр-граф») дар бахши «Гуфтугӯи фарҳангҳо» ва «Шиносоӣ ва хотира» (Н. Сафаров, «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик») дар бахши «Адабиёти таьлимӣ» сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.
«Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар доираи Намоиши 3 – юми китоби Авруосиё, ки моҳи апрели соли сипаригардида дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, барои таҳияи китоби «Донишномаи кўдакон ва наврасон» соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид»,- баён дошт Вазири фарҳанг.
Ҳамчунин ба иттилои номбурда, дар номинатсияи «Фарҳанг ва санъат» китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик» ба «Дипломи дараҷаи I» сазовор дониста шуд.








Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд






