Судяҳои Суди Олӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд

Февраль 4, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  баланд бардоштани  савияи  донишу  малакаи касбии судяҳо ва  коромӯз- судяҳо  дар Маркази таълимии  судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили  ихтисосро ба роҳ мондааст.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён  имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори  оммаи мамлакат гуфт, ки соли сипаригардида қариб 350 нафар дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Беш аз 170 нафарро судяҳо  ва боқимондаро кормандони дастгоҳи судҳо ва коромӯз-судяҳо ташкил медиҳанд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта  Шермуҳаммад Шоҳиён  зикр кард, ки соли 2018 аз ҷониби Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва судҳои поёнӣ  беш аз 142 ҳазор  парвандаҳо  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки дар қиёс ба соли 2017 қариб шаш ҳазор парванда кам аст. Парвандаҳои  баррасигардидаро парвандаҳои  гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ ташкил медиҳанд.

Февраль 4, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд