ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, чоршанбе, 44-умин рӯзи соли 2019 аст

Февраль 13, 2019 08:00

13 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар таъминот бо неруи барқ, тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

 ***

6 сол пеш, 13 феврали соли 2013  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни     ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ         бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

***

 Дар ин рӯзи соли гузашта АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шумораи навбатии маҷаллаи «Invoice Magazine»-и Покистон дар мақолаи зери унвони «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи захираҳои обӣ баҳри рушди устувор ҳимоят намуд» нашр гардид.

 13 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии радио.

 РӮЙДОДҲО:

13 феврали соли 2014 Федератсияи байналмилалии футбол рӯйхати раддабандии дастаҳои миллии футболро нашр намуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё зинаи 14-умро касб намуд.

***

13 феврали соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории байнитамаддунӣ дар фазои АвруОсиё: таърих, равандҳои муосир ва дурнамо» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

***

2 сол пеш, 13 феврали соли 2017 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмологӣ» муҳокима карда шуд.

***

13 феврали соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи шашуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ доир шуд.

***

 Дар ин рӯзи соли 1917 Ҳукумати Англия ба занон иҷозати ронандаи таксӣ шудан дод.

***

13 феврали соли 1960 Франсия аввалин санҷиши ядроии худро гузаронид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли  2013 дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ «Asian Express Airlines»ба қайд гирифта шуд.

***

Соли 1946 Пентагон дар бораи сохта шудани аввалин компютери рақамӣ хабар дод.

Тақвими моро дар ин гӯша

 шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Февраль 13, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст