ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, ҷумъа, 46-умин рӯзи соли 2019 аст

Февраль 15, 2019 08:00

15 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

***

Як сол пеш, 15 феврали соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари фоҷеабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои иёлоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар Қасри «Рӯдакӣ» дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси вилояти Суғд бо варзишгарон баргузор гардид. Беҳтарин варзишгари вилоят дар соли 2010 Мурод Тӯйчиев- барандаи Бозиҳои осиёӣ оид ба муҳорибаи гурҷӣ-румӣ интихоб шуда, ба  ӯ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мошини  тамғаи «Жигулӣ» тақдим гардид.

15 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии кӯдакони ба бемории саратон гирифтор.

***

Дар Канада – Рӯзи парчами миллӣ.

***

Дар Сербия – Рӯзи давлатдорӣ.

***

Дар Афғонистон – Рӯзи миллии наҷот.

 РӮЙДОДҲО:

15 феврали соли 2014 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи муштараки ҳайати намояндагони расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

***

 15 феврали соли 1947 дар Иттиҳоди Шӯравӣ никоҳи шаҳрвандони иттиҳод бо хориҷиён манъ карда шуд.

 ***

72 сол пеш, 15 феврали соли 1947 миёни шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ бо хориҷиён бастани ақди никоҳ манъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1978 Муҳаммад Алӣ дар муҳориба барои дарёфти  унвони чемпиони ҷаҳон оид ба бокс аз ҷониби Леон Спинкс шикаст хӯрд.

***

15 феврали соли 1989 ҷангиёни Шӯравӣ аз Афғонистон баромаданд.

***

15 феврали соли  2010  калонтарин садамаи қатораҳо дар таърихи Белгия ба амал омад, ки дар натиҷа 18 нафар ба ҳалокат расида, 171 нафар ҷароҳат бардоштанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Релиф Интернейшнл» созшномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

 Соли 1922 аввалин Конститутсияи Куба қабул карда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Февраль 15, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст