ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, чоршанбе, 51-умин рӯзи соли 2019 аст

Февраль 20, 2019 08:00

20 феврали соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 80 нафар ходимони ҳарбӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии низомӣ сарфароз гардониданд.

***

6 сол пеш, 20 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Америка баррасӣ гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

20 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ.

***

Дар ИМА – Рӯзи Президент.

РӮЙДОДҲО:

20 феврали соли 2002 дар Брюссел санад оид ба ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» — и Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.

***

20 феврали соли 2012 дар Лондон ҷамъомади ҷамъияти Британияву Тоҷикистон баргузор гардид.

***

6 сол пеш, 20 феврали соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ипотека» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

***

20 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба алоқаи байнифарҳангии Тоҷикистону Россия муҳокима гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистону Британияи Кабир баргузор гардид.

***

20 феврали соли 1872 дар ИМА лифти электрикӣ ихтироъ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар шаҳри  Душанбе намоиши молҳои Ҳиндустон доир шуд.

***

Соли  2017 ВАО хабар доданд, ки телефоне, ки Адолф Гитлер дар раванди Ҷанги дуюми ҷаҳон истифода бурда буд, дар музояда бо арзиши 243 ҳазор доллар (295 ҳазор фунт стерлинг) фурӯхта шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Февраль 20, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст