ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, чоршанбе, 58-умин рӯзи соли 2019 аст

Февраль 27, 2019 08:00

27 феврали соли 2017 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия бо мукофоти олии Федератсияи Россия- Ордени Александр Невский сарфароз намуданд.

 ***

2 сол пеш, 27 феврали  соли 2017 баъди анҷоми музокироти байнидавлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна Созишнома ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.

27 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи қувваҳои амалиёти махсус.

РӮЙДОДҲО:

27 феврали соли 2000 интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

27 феврали соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

9 сол пеш,  27 феврали соли 2010 дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка барои мақоми сеюми мусобиқаи Ҷоми даъватии КФО миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Мянма бозии футбол баргузор гардид.

***

27 феврали соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ  «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро қабул намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди минтақаҳо» Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.

***

175 сол пеш, 27 феврали соли 1844 истиқлолияти Ҷумҳурии Доминикан эълон карда шуд.

***

27 феврали соли  1900 дастаи футболи «Бавария» таъсис дода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1974  дар Ню-Йорк аввалин шумораи маҷаллаи «People» бо теъдоди 1 миллион нусха аз чоп баромад, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ситораҳои санъат нақл мекард.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Февраль 27, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш