ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, чоршанбе, 37-умин рӯзи соли 2019 аст
6 январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар карданд.
***
5 сол пеш, 6 январи соли 2014 доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон протокол ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният ба имзо расид.
8 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии пешхизмат (бармен).
РӮЙДОДҲО:
6 феврали соли 2012 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилотии вилоятҳо ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво барои хонандагони аз синфи 1 то 11 (барои се рӯз) дарсҳо боздошта шуданд.
***
6 феврали соли 2012 дар таваллудхонаи шаҳрии №3- и шаҳри Душанбе шаҳрванди 8-миллионумини Тоҷикистон ба дунё омад.
***
6 феврали соли 2015 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» баргузор гардид.
***
6 феврали соли 1875 дар Германия бақайдгирии ҳатмии никоҳи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1894 шаҳрвандони вилояти Онтариои Канада барои манъ кардани нӯшокиҳои спиртӣ овоз доданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун ва ҷомеа» нашр шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад