Ҷ.Табарзода: «Солҳои 2019-2021 дар доираи лоиҳаҳо зиёда аз 20 иншооти обтаъминкунӣ ба истифода дода мешаванд»

Февраль 11, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 11.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Корхонаи  воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷиҳати  мусоидат ба амалӣ намудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  доир ба Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вобаста ба ташвиқу  тарғиби даҳсолаи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин самт   солҳои 2019-2021 дар доираи лоиҳаҳо зиёда аз 20 адад иншооти обтаъминкунӣ ба истифода супорида мешаванд.  Матлаби мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода  баён гардид.

Инчунин зикр карда шуд, ки соли 2018 аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ якчанд иншооти обтаъминкунӣ ба истифода супорида шуданд.

Ҷ.Табарзода изҳор намуд, ки зимни ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд «Лоиҳаи Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» амалӣ шуда истодааст, ки дар навбати худ шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Панҷро дар бар мегирад.  Дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ дар шаҳру ноҳияҳои мазкур амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки барои барқаророзӣ ва сохтмони иншооти обтаъминкунӣ дар деҳаҳои ҷумҳурӣ бо Бонки  ҷаҳонӣ барои маблағгузорӣ  гуфтушунидҳо идома доранд. Соли 2018 корҳои сохтмонӣ дар минтақаи пилотӣ муайян гардиданд ва имсол маблағгузории корҳо оғоз мегардад.

Февраль 11, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем