Табибони Тоҷикистону Тотористон дар оянда тибби онлайнӣ ба роҳ мемонанд

Февраль 19, 2019 11:10

ДУШАНБЕ 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода 18 феврал бо гурӯҳи табибони Ҷумҳурии Тотористон мулоқот баргузор намуд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи тандурустӣ  ҳайати табибони Тотористон ба Тоҷикистон омаданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Саида Умарзода зимни ҳамоиш ҳавасмандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон иброз намуд.

С. Умарзода ба табибони тотор вобаста ба вазъи муолиҷа ва ҷарроҳиҳои чашм, дил ва асаби кӯдакона дар ҷумҳурӣ маълумот дода, гуфт, ки «мо метавонем дар бахши илми тиб бо ҳамтоёни тоторамон ҳамкорӣ намоем. Ҳамзамон дар ин самт аз малакаи ҳамдигар омӯхта, ба муассисаҳои тиббии тарафайн мутахассисонро барои таҷрибаомӯзӣ равона созем».

Муовини сардухтури Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон Алла Гумерова мақсади сафари худ ва ҳамроҳонашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти саломатии кӯдакон арзёбӣ намуд.

А. Гумерова зикр намуд, ки «беморхонаи мо дар самти муолиҷаи кӯдакон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мо метавонем бо табибони тоҷик дар гузаронидани ҷарроҳиҳои кӯдакона, аз ҷумла, ҷарроҳиҳои дил, чашм ва асаб, додани машваратҳо, гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ҳамкорӣ намоем ва инчунин аз таҷрибаи табибони тоҷик баҳраманд гардем».

Ба гуфтаи Алла Гумерова, онҳо мехоҳанд дар оянда бо табибони тоҷик тибби онлайнӣ ба роҳ монда, зимни муолиҷаи кӯдакон онлайн машварат намоянд.

Бояд зикр намуд, ки   гурӯҳи табибони Тотористон се рӯзи дигар дар ҷумҳурии мо бо ҳамтоёни худ машварат доир менамоянд.

Дар назар аст, ки байни онҳо ва муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ созишномаҳои ҳамкорӣ баста шаванд.

Февраль 19, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст