ТАОМИ МИЛЛӢ МАРҲАМИ ҶОН АСТ. Дар ноҳияи Шуғнон ба духтарон тарзи омода кардани таомҳои анъанавиро меомӯзанд

Февраль 4, 2019 10:00

ХОРУҒ, 04.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Дар деҳаи Барчиди ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон дар чаҳорчӯби  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ давраи омӯзишии серӯза барои занону духтарони хонашин роҳандозӣ гардид.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин омӯзиш бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи  ноҳия баргузор гашта, дар он ба бонувону духтарон тарзу усулҳои омода кардани таомҳои анъавӣ ва маҳаллиро аз орду донҳои гандумӣ ёд доданд. Дар  он 15 нафар бонувони хонанишин ва духтарони синфҳои болоии мактаби деҳа  ширкат намуда, оид ба таомҳои анъавӣ ва ва маҳаллии мардуми кӯҳистон ҳам  аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ маълумоти муфассал гирифтанд.

Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Манзура Ғуломнабиева гуфт, ки «дар деҳа занони солхӯрдае зиндагӣ мекунанд, ки бо тарзи омода кардани ин таомҳо шинос ҳастанд. Бо  истифода аз ҳунару истеъдодашон занону духтарони деҳа бояд ин ҳунари аҷдодиро аз худ  намуда, ба насли оянда интиқол диҳанд. Зеро таомҳои анъанавӣ аз маҳсулоти хоми аз ҷиҳати экологӣ тоза омода мешаванд ва дар таркиби худ иловаҳои кимиёвӣ надоранд. Ҳоло агар  дар деҳот касе зуком шавад, барои ӯ танҳо таому нӯшобаҳои маҳаллӣ омода мекунанд».

Вале бояд гуфт, ки танҳо бо баргузор кардани чанд давраи омӯзишӣ аз худ кардани тарзу усулҳои омодакунии таомҳои анъанавӣ кори осон нест. Барои ин зарур аст, ки ҳам дар хона, ҳам дар муассисаҳои таълимӣ ва зимни машғулиятҳои беруназсинфӣ ба ҳунару анъанаҳои миллӣ аҳамияти бештар зоҳир карда шавад.

Февраль 4, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд