«Ташаккул ва инкишофи ҳикояи муосири ҳиндӣ»- таҳти ин унвон китоби профессори тоҷик ба нашр расид

Февраль 19, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 19.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Эр Граф»-и Душанбе  рисолаи  нави профессори тоҷик  Ҳабибулло Раҷабовро таҳти унвони «Ташаккул ва инкишофи ҳикояи муосири ҳиндӣ» аз чоп баровард. 

Ин рисолаи ҳиндушиноси тоҷик  роҳи дар асри ХХ тай намудаи  жанри ҳикояро дар адабиёти ҳиндӣ, ки яке аз адабиёти  қадимӣ ва  ниҳоят ғании Ҳиндустон мебошад, дар бар мегирад. Рисола аз муқаддима ва чор боб-«Масъалаҳои  пайдоиш ва ташаккули ҳикояи ҳиндӣ», «Инкишофи ҳикояи муосири ҳиндӣ  то соли 1947»,  «Ҳикояи  ҳиндӣ пас аз озод шудани Ҳиндустон» ва «Ҷараёнҳои нав  дар ҳикояи ҳиндӣ» иборат буда, бо забони тоҷикӣ  интишор гардидааст.

Муаллифи рисола таваҷҷуҳи бештарро  ба  таҳлили ҳикояҳои  Премчанд,  Яшпал, Бҳишма Саҳнӣ,  Раҷендра Ядав, Камлешвар  Рамеш Упадҳяй  ва дигар устодони ҳикоя ва ҳунари ҳикоянависии онҳо  додааст. Инчунин дар рисола  оид ба ҷараёнҳои  навпайдо дар ҳикояи муосири ҳиндӣ  дар солҳои соҳибистиқлол будани Ҳиндустон  дар боби ҷудогона сухан меравад.

Рисола ба шарқшиносон, филологҳо ва  онҳое, ки  ба адабиёти Шарқ, бахусус Ҳиндустон  таваҷҷуҳ доранд,  тавсия дода мешавад. Рисолаи мазкур  бо кумаки Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба чоп расидааст.

Мусаллам аст, ки  ҳиндушиноси тоҷик Ҳабибуло Раҷабов муаллифи 300 мақола ва 16 китоб вобаста ба Ҳиндустон мебошад. Маҳз барои саҳми арзанда дар таҳкими робитаҳои илмию фарҳангии  байни Тоҷикистону Ҳиндустон соли гузашта аз ҷониби Президенти Ҳиндустон  профессори тоҷик сазовори мукофоти олии Ҳукумати  Ҳиндустон-«Падма Шри» ё «Ордени Нилуфар» гардид.

Февраль 19, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд