То ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ чор иншоот ба истифода дода мешаванд

Февраль 26, 2019 16:19

РӮДАКӢ, 26.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар тамоми деҳоти  мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда  мешаванд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ҷумҳурӣ коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Бахшида бо ин ҷашни миллӣ то имрӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ  се адад хати оби нӯшокӣ, як пул бо дарозии 12 метр ва ду синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.  Раиси ҷамоати Қиблаӣ Қандилҷон Каримов иброз дошт, ки сокинони  баъзе аз деҳаҳои ҷамоат ба мушкилии нарасидани оби нӯшокӣ гирифтор буданд. Хушбахтона, соли 2018 корҳои сохтмонии хатти оби нӯшокии деҳаи Лойоб дар масофаи 5 км барои 220 хоҷагӣ ва як муасисаи таълимӣ, хатти оби нӯшокии деҳаи Қулписта аз масофаи 8 км барои 340 хоҷагӣ,  оби нӯшокии деҳаи Ҷаландар аз масофаи 2,5 км барои 90 хоҷагӣ ва пули деҳаи Ҷаландар бо дарозии 12 метр  ба итмом расида, мавриди  баҳрабардории сокинон қарор гирифтанд.

Ҷамоати Қиблаӣ аз  нуҳ деҳа иборат мебошад, ки айни замондар ҳудуди он  бо ташаббуси соҳибкорон се ҳаммоми замонавӣ ва се сартарошхона фаъолият дорад.  Дар назар аст, ки масъулини  ҷамоати Қиблаӣ  тибқи нақша дар муддати се сол 14 синфхонаи иловагӣ, як  ҳаммоми замонавӣ, як сартарошхона, се бунгоҳи тиббӣ, хобгоҳ барои омӯзгорон ва хатти  оби нӯшокии деҳаи Охтоқро аз масофаи 5,5 км барои 470 хоҷагӣ ба истифода диҳанд.

Сокинони ҷамоат қисми зиёди корҳои сохтмониро тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона иҷро менамоянд. Ҳамзамон дар маблағгузории сохтмонҳои ба шарафи ҷашни миллӣ бунёдшаванда соҳибкорону сокинон саҳми арзанда мегузоранд.

Ин аст, ки то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳудуди ҷамоат 4 иншоот, аз ҷумла се бунгоҳи тиббӣ ва як хобгоҳи омӯзгорон ба истифода дода мешаванд.

Февраль 26, 2019 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад