Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҳиндустон дар соҳаи гумрук тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 22.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош дар Душанбе баррасӣ гардид.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот татбиқи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» матраҳ гардид.
Мусаллам аст, ки санади мазкурро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сардори Шӯрои марказии андозҳои ғайримустақим ва гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ванаҷа Н. Сарна моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расонида буданд. Созишнома тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2018 тасдиқ гардид.
Самти ин Созишнома ба рушди ҳамкории гумрукӣ, бахусус, мубодилаи иттилоот оид ба истифодаи воситаҳои техникии назоратӣ, интиқоли транзити молу воситаҳои нақлиёт, гардиши тиҷорати дуҷониба, расонидани ёрии байниҳамдигарӣ, омӯзиш ва такмили малакаҳои кормандони гумрук нигаронида шудааст.








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






