Тоҷикистон аз рӯи афзоиши ММД дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 16.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Афзоиши аз ҳама зиёди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд – ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ 7,3% -ро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ хабар медиҳад.
Аз рӯи афзоиши ММД Туркманистон бо 6,2% дар ҷойи дуюм ва Арманистон бо 6% дар ҷойи сеюм қарор доранд. Тибқи маълумоти ин кумита, афзоиши тахминии ММД дар қаламрави ИДМ 2,2%-ро ташкил медиҳад.
Миёни кишварҳои дорои афзоиши камтари ММД Украина-2,8%, Россия-2,3% ва Озарбойҷон-1,4% номбар шудаанд.
Илова бар ин, Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Тибқи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон бо 14,4% дар ҷои аввал, Тоҷикистон бо 11,8% дар ҷои дуюм ва Беларус бо 5,7% дар мавқеи сеюми радабандӣ қарор доранд. Афзоиши камтар дар Россия — 2.9%, Озарбойҷон — 1,5% ва Украина — 1,1% фоиз ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳисоби миёна, афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар кишварҳои ИДМ 2,8%-ро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 68,8 миллиард сомонӣ ё бештар аз 7,3 миллиард доллари ИМАро ташкил дод. Афзоиши иқтисодиёт аз нақшаи интизории ҳукумат 0,3% барзиёд таъмин гардид.








Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






