Ҳукумати Япония дар доираи «GGP» ба рушди минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ним миллион доллари ИМА кумакҳои бебозгашт равона менамояд
ДУШАНБЕ, 27.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Япония расонидани кумакҳои бебозгаштро ба рушди иқтисоди Тоҷикистон тақвият мебахшад. Дар ин росто 27 феврал дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими имзои созишномаҳои муштараки ҳафт лоиҳаи нав ба маблағи умумии беш аз ним миллион доллари амрикоӣ (558,045$) ба тасвиб расид. Мусаллам аст, ки кумакҳои мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ (GGP) маблағгузорӣ мешаванд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад, ки ба созишномаҳо Сафири Фавқулода ва Комилҳуқуқи Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо –раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Тоҷикобод, Ховалинг, Кӯҳистони Мастчоҳ, Рӯшон, Мурғоб ва директори Маркази таълимӣ барои калонсолони ноҳияи Ашт имзо гузоштанд.
Лоиҳаҳои мазкур аз сохтмони хати оби нӯшокӣ дар ҷамоати Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон (89,270 $), сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи №11 дар деҳаи Раҷабови ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода (89,250 $), сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Тоҷикобод (89,285 $), сохтмони беморхонаи минтақавӣ дар ҷамоати Гожо Бердибаеви ноҳияи Мурғоб (89,250 $), хати оби полезӣ дар деҳаи Худгифи Сояи ҷамоати Иван –тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (89,250 $), дастрас намудани техникаи кишоварзӣ дар ҷамоати Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг (89,280 $) ва таҷҳизонидани маркази таълимӣ барои калонсолони ноҳияи Ашт (22,460 $) иборат буданд.
Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими имзои созишномаҳо гуфт, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Япония дар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон амалӣ гардида, барои аҳолии минтақаҳои дурдасти кӯҳистон шароити мусоид фароҳам меоваранд ва дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир хоҳанд гузошт.
Мавриди зикр аст, ки кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ «GGP» тарҳи Барномаи расмии Япония оид ба рушд мебошад. Лоиҳаҳои кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, инчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз соли 1996 то инҷониб Ҳукумати Япония дар доираи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 401 лоиҳаро ба маблағи умумии 32,4 миллион доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.








Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд






