Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-сипари истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ
ДУШАНБЕ, 23.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 26-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре аз Донишкадаи мазкур хабар доданд, дар он намояндагони Агентии хизмати давлатӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар замони басо мураккаб таъсис дода шуда, дар таъмини сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нақши босазо гузошт.
Зикр гардид, ки моҳи декабри соли 1992 аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар асоси он Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар заминаи неруҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуданд. Маҳз 23 феврали соли 1993 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе аввалин гузашти низомӣ баргузор гардида, аз таъсиси он ба мардум мужда расонида шуд. Артиши пуриқтидори имрӯзаи Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки дар мамлакат вазъ ноором буд ва заминаи моддию техникӣ барои таъсиси он мавҷуд набуд.
Иштирокдорон оид ба заминаи ҳуқуқӣ ва қонунгузории таъсиси Артиши миллӣ сухан карда, гуфтанд, ки ҳоло дар мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» — 4 ноябри соли 1995, «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» — 13 декабри соли 1996, «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» — 29 ноябри соли 2000 ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ амал мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ҷамъомад баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, омодагии ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон мебошад.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






