Вазири молия Ф. Қаҳҳорзода: «Соли гузашта саноати мамлакат 11 фоиз афзоиш ёфтааст»

Февраль 15, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 15.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз  равандҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ ва таҳримҳо нисбат ба шарикони  асосии  тиҷорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бонизоми иқтисодӣ  ва устувории нишондиҳандаҳои  макроиқтисодии ҷумҳурӣ   соли сипаришуда  таъмин гардид. Дар ин хусус ба намояндагони воситаҳои ахбори  омма Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.  Вазири молия афзуд, ки  ҳаҷми Маҷмӯи  маҳсулоти  дохилии кишвар   соли гузашта ба 68,8 миллиард сомонӣ  баробар гардида,  суръати рушди воқеии он 107,3 фоизро ташкил дод.

Зикр шуд, ки  дар қиёс ба соли 2017  саноати мамлакат 11 фоиз,  кишоварзӣ 4 фоиз, гардиши савдо беш аз 15 фоиз,  маблағгузорӣ  ба сармояи асосӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ  зиёда аз 7 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 6,3 фоиз   ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ  ба андозаи 2,1 фоиз  афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон Файзиддин Қаҳҳорзода афзуд, ки  соли гузашта  сиёсати идоракунии молиявии давлатӣ барои   татбиқи санадҳои стратегӣ  ва барномаҳои соҳавии кишвар,  иҷрои нишондиҳандаҳои   қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ,   дарёфти сарчашмаҳои  нави даромад  ба буҷет  ва таъмини рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ  равона гардида буд.

Февраль 15, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд