Вазорати фарҳанг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон кард

Февраль 9, 2019 10:49

ДУШАНБЕ, 09.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолиятьи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, Озмуни ҷумҳуриявиии драманависонро эълон намуд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг иттилоъ медиҳад, озмун аз 1 марти соли 2019 оғоз ёфта,  ҳадафи он дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир мебошад.

Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, ки  асарҳо бояд то 1 августи соли 2019 дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод гарданд.

«Асарҳои тпешниҳодшаванда бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони истиқлолият дар бар гиранд», — тавзеҳ додааст Вазорат.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки асарҳои бо забони русӣ ва узбакӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта бошанд.

Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян гардида, баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муайян мекунанд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

Ғолибони  озмун барои ишғоли  ҷойи якум – 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2 ҳазор сомонӣ  мукофот хоҳанд гирифт.

Февраль 9, 2019 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд