Вазорати фарҳанг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон кард
ДУШАНБЕ, 09.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолиятьи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, Озмуни ҷумҳуриявиии драманависонро эълон намуд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг иттилоъ медиҳад, озмун аз 1 марти соли 2019 оғоз ёфта, ҳадафи он дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир мебошад.
Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, ки асарҳо бояд то 1 августи соли 2019 дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод гарданд.
«Асарҳои тпешниҳодшаванда бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони истиқлолият дар бар гиранд», — тавзеҳ додааст Вазорат.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки асарҳои бо забони русӣ ва узбакӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта бошанд.
Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян гардида, баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муайян мекунанд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.
Ғолибони озмун барои ишғоли ҷойи якум – 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳанд гирифт.








Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён 171 иншоот бунёд карда мешавад






