Ҳайати 40-нафараи соҳибкорони Тотористон дар арафаи Наврӯз ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо Тотористон тавсеа меёбад. Баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз 19 март дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, далели ин гуфтаҳост.
Тавре аз Ҳукумати мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Тотористон ҳайати баландпояи доираҳои тиҷоратии Тотористон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон, вазири саноат ва савдо Алберт Каримов ба Тоҷикистон меояд.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҳамоиш имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Тотористон муаррифӣ, нишастҳои дуҷонибаи В2В доир гардида, санадҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Тотористон ба имзо расанд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар арзёбӣ мегардад.








Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид






