Ҳайати нассоҷони Тоҷикистон бо сафари якҳафтаина дар Покистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 12.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Боздид аз ду шаҳри бузургтарини нассоҷӣ, шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои маъруфтарини нассоҷиву дӯзандагӣ ва иттиҳодияву донишгоҳҳои соҳавӣ, имзои созишномаҳои ҳамкорӣ – ин ҳама ҷузъе аз барномаи сафари ҳафтаинаи ҳайати намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Покистон мебошад.
Ҳайати Тоҷикистон, ки аз аз роҳбарон ва намояндагони 13 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ширкатҳои консалтингӣ, донишгоҳҳо, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иборат аст, барои барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, омӯзиши таҷрибаи корхонаҳои нассоҷӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ ба Покистон сафар карданд.
Дар ҷараёни сафар, ки аз 9 то 16 март идома хоҳад кард, ҳайати мазкур аз шаҳрҳои Лоҳур ва Файсалободи Покистон дидан мекунад. Бори нахуст аст, ки нассоҷони Тоҷикистон бо сафари омӯзишӣ ба Покистон- кишваре, ки дар даҳгонаи пешсафи истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон қарор дорад, мераванд.
Ҳадафи сафар шиносоии намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо бахши нассоҷии Покистон, аз ҷумла истифодаи технологияҳо ва таҷрибаҳои истеҳсолӣ, барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ дар сатҳҳои гуногун, омӯзиши бозори ашёи хом ва фазои фурӯшгоҳҳои чаканаи маҳсулоти соҳа мебошад. Аъзои ҳайати Тоҷикистон бо технология ва равандҳои истеҳсолӣ дар ширкатҳои маъруф, назири «Nishat Group», «Sapphire Group», «Style Textile», «Shakam», «Sadaqat Textiles», «Imrahim Group», «Masood Textile», «Sitara Group» шинос шуда, таҷрибаи онҳоро меомӯзанд.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни вохӯриҳо роҳандозии барномаҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои соҳавии Тоҷикистону Покистон низ баррасӣ гардад. Қарор аст Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Донишкадаи мӯд ва тарроҳии Покистон, воқеъ дар Лоҳур ва Донишгоҳи миллии нассоҷии Файсалобод cозишномаҳои ҳусни тафоҳум имзо намуда, бо ҷараёни таълим ва омодасозии мутахассисони оянда шинос гарданд. Инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои хидматрасони тиҷоратии ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






