Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш меёбад

Март 1, 2019 10:56

ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин Форуми байналмилалӣ оид ба саёҳати зиёратӣ баргузор гашт.

Дар кори Форум зиёда аз 150 нафар намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз 34 мамлакати дунё, аз ҷумла, Миср, Туркия, Индонезия, Малайзия, Тоҷикистон, Қазоқистон Ҳиндустон, Покистон, Сингапур, Россия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Мақсади гузаронидани Форум рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар инкишофи сайёҳии зиёратӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Мақсади ташрифи ҳайати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон табодули таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва муҳокимаи лоиҳаҳои муштараке, ки ба рушди иқтидори сайёҳии ду кишвар равона шудааст, инчунин омӯзиши кадрҳои касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.

Дар заминаи Форум иштирокдорони он аз маконҳои ҷолиби сайёҳии Ӯзбекистон боздид намуданд.

Тибқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конференсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ўзбекистон нигаронида шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи созишномаи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ду давлати ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ҳуқуқ доранд, ки  ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид  ба  кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Бо шарофати ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи «дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорҳои мутақобилан судманд дар бахши сайёҳӣ бо кишварҳои олам густариш ёфта истодааст.

Ҳоло ҳамкориҳои байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи зарурї ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавї амалї гардида истодааст.

Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳон зимни саёҳати худ якбора аз се кишвар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидан намоянд.

Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар минтақа дар рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ иқтидори бузург дорад.

Аз ҷумла,  Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбоди ноҳияи  Шаҳритуз, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  дар шаҳри Кўлоб, Мақбараи Ҳазрати Султон дар ноҳияи  Ховалинг, Мақбараи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрал  дар ноҳияи  Айнӣ, Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи  Восеъ, Қалъаи Балҷувон, Қалъаи Мўъминобод, ёдгориҳои мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Муғ дар шаҳри Истаравшан аз зумраи ёдгориҳое мебошанд, ки бо муаррифии онҳо ба рушди сайёҳии зиёратӣ метавон тақвият бахшид.

Март 1, 2019 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад