Ба академик Талбак Назаров мукофоти давлатии Япония – Ордени Тулӯи Офтоб супорида шуд

Март 4, 2019 15:31

ДУШАНБЕ, 04.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Япония собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Фонди хайрияи Тоҷикистон академик  Талбак Назаров барои саҳми арзандааш  дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва  Япония бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Маросими супоридани мукофоти мазкур  28 феврали соли 2019 дар қароргоҳи Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар оғози чорабинӣ Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ суханронӣ карда, сарфароз намудани собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофоти олии давлати Япония ҳамчун нишони эътироф ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои сиёсати хориҷии дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар татбиқи он академик  Талбак  Назаров саҳми  арзанда гузоштааст, арзёбӣ намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока  зимни суханронии  худ ба нақши  академик Талбак Назаров дар густариши дипломатияи тоҷик ва рушду нумӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония баҳои баланд дода, иброз намуд, ки Ҳукумати Япония бо дарназардошти ҳамин хизматҳои Талбак Назаров тасмим гирифт, ки ба ӯ Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I-ро тақдим намояд.Сафир дар вазъияти тантанавӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Япония орден ва шаҳодатномаи онро, ки аз ҷониби Императори Япония Акихито имзо шудааст, ба   Талбак Назаров супорид.

Талбак Назаров ба Сафир ва дар шахси ӯ ба ҳукумат ва мардуми Япония ва Император Акихито барои қадрдонии хидматҳои ӯ миннатдории хешро баён намуда, аз дастовардҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат дар густариши муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯз ёдоварӣ кард ва омодагиашро баҳри саҳм гузоштан ба тақвияти ҳамкориҳо бо кишвари ба мо дӯсти Япония  изҳор дошт.

Хотиррасон менамоем, ки Талбак Назаров тўли 12 сол (солҳои 1994-2006) дар вазифаи Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дорои    рутбаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва профессори фахрии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Чин мебошад ва дар барқарорсозӣ ва таҳким бахшидани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Япония саҳми калон гузоштааст.

ДАР АКС: академик Талбак Назаров бо Сафири Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока

 МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Ордени Тулӯи Офтоб бо қарори (декрети) Шӯрои Давлатии Япония аз 10 апрели соли 1875 таъсис дода шуда, яке аз мукофотҳои асосӣ ва қадимаи давлатии  Япония   мебошад.

Японияро «Кишвари Тулӯи Офтоюб» меноманд, зеро маҳз япониҳо ҳар субҳ аз ҳама пештар дар дунё шоҳиди тулӯи офтоб мегарданд. Аз рӯи як ривояти буддоӣ,  японҳо худро аз баргузидагони (наздикони) Худои Офтоб  медонанд. Дар парчами давлатии ин кишвар, ки дар асри 13 арзи вуҷуд кардааст,  доираи сурх дар рӯи  паҳнои  сафед мунъакис шудааст ва он рамзи тулӯи офтоб аст.

Март 4, 2019 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд
Дар Женева бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим баргузор шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Нидерланд баргузории Конфронси сеюми оби Душанберо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд
Тоҷикистон ва Индонезия ҳавасмандиашонро ба таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд
Шараф Шерализода бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Маҷористон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат бо ҷинояткориро ба имзо расониданд
Низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлати дигар аз 1 май мавриди амал қарор мегирад
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Душанбе машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва консулӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор мегарданд
Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов мулоқот намуд