Ба Бадахшон барои таъмиру тармими роҳҳои мошингард 9 адад техникаи роҳсозӣ интиқол дода шуд

Март 1, 2019 10:11

ДУШАНБЕ, 01.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  таъмиру тармими  роҳҳои мошингарди  ҳудуди Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон дар доираи  амалисозии  Cозишномаи  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки аврупоии  таҷдид  ва рушд  дар марҳилаи  дуввум   аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ВМКБ 9 адад техникаи  роҳсозӣ  интиқол дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, техникаи роҳсозӣ тариқи  дидбонгоҳи  Қулма  ба  Тоҷикистон оварда шуд. Дар марҳилаи аввал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 техникаи пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ ба қаламрави вилоят  ворид карда мешавад.

Дар маросими  қабули  техникаҳои роҳсозӣ  муовини Раиси вилоят  Умедҷон Носирзода ва муовини  сардори Раёсати  сохтмон ва хоҷагии  роҳнигаҳдории Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эганбердӣ  Хуҷаев  ширкат доштанд.

Зикр гардид, ки дар ҳолати кушода ва ба талабот ҷавобгӯ нигоҳ доштани роҳҳои дорои  аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар  тамоми фасли сол  муҳимтарин вазифаи роҳсозон ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти  чунин техникаи пуриқтидор  имкон медиҳад, ки  роҳҳои байналмилалиливу ҷумҳуриявии  ВМКБ  дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини паркҳои технологии муассисаҳои роҳнигаҳдории ВМКБ ва навоҳии минтақаи Рашт 81 адад техника ва механизми роҳсозӣ  бо харҷи беш аз 5 миллион доллар харидорӣ гардиданд.

Март 1, 2019 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид