Ба филиалҳои «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» нақлиёти хизматӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ 04.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва Лоиҳаи АГВИ «Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ ба филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, минтақаҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт нақлиёти хизматӣ тақдим карда шуданд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин ба марказҳои иммунопрофилактикаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Сангвор 1-ададӣ нақлиёти хизматии тамғаи «ВАЗ 21214», ки дар маҷмӯъ 10 ададро ташкил доданд, тақдим карда шуданд. Илова бар ин, филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар вилояти Суғд бо 1 адад нақлиёти хизматии тамғаи «Газел NEX A21P22-1070» (авторефрижиратор) ва бо 1 адад нақлиёти хизматии тамғаи «Газел NEX A21P22-1070» (боркаш) таъмин гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» барои таъмини амнияти беҳдоштию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда, аз байн бурдани хатари такроршавии хурӯҷи бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор нигоҳ доштани мақоми «Давлати озод аз бемории фалаҷ», баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модарону кӯдакон, пурзӯр намудани кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ тавассути иммунизатсия мунтазам паст карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






