Баҳори Тоҷикистон моро ба сӯйи бунёдкорӣ ва хуррамгардонии шаҳру деҳотамон роҳнамоӣ мекунад

Март 1, 2019 10:06

ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 март рӯзи аввали баҳори оламафрӯз,  фаслест, ки бо қудумаш табиатро аз нав зинда мегардонаду дар дили пиру ҷавон эҳсоси шодиву нишот армуғон меорад. Баҳори кишвари азизи мо бо сарсабзии майсаву сабзаҳо,  шукуфтанҳои дарахтони мевадиҳанда, гулҳои рангорангу рӯҳфизояш ба дилу дидагон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, касро ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ ва хуррамгардонии ҳар ваҷаб хоки зархези Тоҷикистон роҳнамоӣ мекунад.

Баҳор худ фасли эҳёгарист, мавсими рангорангиҳои зебои табиат, вақти кишту кор, замонест ки марди деҳқон дар такопӯ афтида, барои пур кардани хони сокинони кишвар заҳмат мекашад. Мардуми мамлакати мо бо омад- омади фасли баҳор маъракаи ниҳолшинониро оғоз менамоянд. Имрӯзҳо ин ташаббуси нек дар саросари мамлакат авҷ гирифтаву бо шарофати он гӯшаву канорҳои шаҳру деҳотамон боз ҳам бештар сабзу хуррам гардида истодаанд.

Дар ин росто дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ маъракаи ниҳолшинонӣ вусъати тоза пайдо намуда, ба ин маъракаи муҳим имрӯзҳо намояндагони  тамоми қишрҳои ҷомеа пайвастаанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Раиси ноҳия Комил Салимзода ташаббуси созанда нишон дода, бо ҷалби мутахассисони соҳаи боғпарварӣ дар хоҷагии ёрирасони шуъбаи мазкур, ки дар ҷамоати Гулхонаи  мавзеи Саричашма ҷойгир шудааст, ҳашари ниҳолшинонӣ доир намуданд.

Иштирокчиён аз табиати зебо ва ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар хоҷагии ёрирасон дарахту ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла 200 бех ниҳолҳои себ, гелос, сиёҳолу, хурмо ва 200 бех ниҳолҳои сояафкан шинонида шуданд. Зимни ниҳолшинонӣ ба интихоб ва навъу сифати ниҳолҳо диққати махсус зоҳир карда шуд.

Ҳайати шахсии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов маъракаи ниҳолшинониро иқдоми неку созанда арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди боғу токзор, сабзазоркунии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаб хоки сарзамини зархез саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Бояд гуфт, ки мардуми мо аз қадимулайём шинонидани ниҳол ва нигоҳубини онро ҷузъи фарҳанги миллӣ дониста, онро қарзи инсонӣ мешуморанд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки гузаштагони ободкорамон барои мо дарахтону боғоти зиёде ба ёдгор мондаанд. Мо низ дар навбати худ вазифадору қарздорем, ки пайваста ба ободониву созандагӣ машғул шуда, аз худ боғу бӯстон, шаҳру деҳоти обод ва номи нек боқӣ гузорем.

Зеро бузургони мо дар ин маврид гуфтаанд:

Барои одамият се нишона:

Нахуст фарзанд, пас бунёди хона,

Ниҳолеро ба ҳосил парваридан,

Бувад ин се нишона ҷовидона.

Нақши муҳиму созандаи фасли баҳор, пеш аз ҳама, дар шудгори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ, тоза кардани наҳру ҷӯйборҳо, ба тартиб овардани хона ва ашёву асбоби рӯзгор, ободонии маҳалли зист, инчунин покии қалбу андеша ва рӯҳи инсонӣ таҷассум меёбад.

Пас моро мебояд дар ин амри хайр, ки бешубҳа, сабаби боз ҳам сарсабзу обод шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон мегардад, саҳми худро гузорем.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 1, 2019 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст