Бар асари ҳамлаи гургҳо ба манзили сокинони Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ду нафар ҳалок гардиданд

Март 9, 2019 10:59

ХОРУҒ, 09.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 7 март галаи гургон ба манзили сокини деҳаи Миденшори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҳамла карданд. Модари 83-сола ва  духтараш, ки 55 сол дошт,   ҳангоми дастурӯшӯӣ дар ҳавлӣ мавриди ҳамлаи гургҳо қарор гирифтанд. Ҳарду бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ҳалок гардиданд.

Раиси Ташкилоти шикорчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодӣ Солеҳҷонов гуфт, ки «ба мо шаб сокинони деҳаи Боғеви ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон занг зада, аз поин шудани чанд сар гург ба деҳа хабар доданд.  Зимистони имсол  дар Бадахшон барфи зиёд борид ва ҳанӯз ҳам кӯҳу даман зери барф аст. Гургҳо ба худ ғизо пайдо намекунанд ва барои дарёфти ғизо ба деҳот фаромада, ба чорвои сокинон ва ҳатто ба худи одамон ҳам ҳамла мекунанд. Қаблан дар деҳаи Спинз ва Боғеви Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон гургҳо ба  як кӯдаки 6-сола ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пеши хонаашон ҳамла карданд. Аммо аз ин ҳодиса ҳамсояҳо сари вақт хабар ёфтанд ва ба қавли онҳо, кӯдакро аз даҳони гург наҷот дода, ба беморхона бурданд.

Раиси Ташкилоти шикорчиёни вилоят гуфт, ки як моҳ боз аъзои ин ташкилот дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар деҳоти ноҳияи Шуғнон ба шикори ин даррандаи ҳушёру неруманд машғул ҳастанд. Давоми як моҳ 7 сар гургро нобуд карданд.  Барои он ки гурӯҳи шикорчиён сари вақт худро ба маҳали ҳодиса расонанд, нақлиёт ва сӯзишворӣ зарур аст. Бо ин мақсад ташкилоти мазкур ба   роҳбарияти мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиат кардааст. Агар ин кумак сари вақт дарёфт шавад, он ба коҳиши саршумори гургҳо дар саросари деҳоти вилоят мусоидат менамояд.

Март 9, 2019 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд