Баррасии ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор дар Душанбе

Март 16, 2019 09:57

ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА)  Пол Индербинен ва  Ҳайати ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ-бонкӣ, ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот анҷом доданд.  

Тавре аз Бонкӣ миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ мусоҳибон доир ба ҳамкории судманди БМТ ва ХБА, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, навоварию ислоҳот дар низоми бонкӣ, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтар гардидани вазъи молиявии низоми бонкӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ, татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори умед намуд, ки ХБА дар оянда низ ташаббусҳои созандаи худро идома дода, барои баланд бардоштани рушди иқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат  тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.

Дар идома, роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Падамжа Ханделвал, оид ба омӯзиши вазъи иқтисодӣ ва таъсири омилҳои беруна ба вазъи бозори дохилии асъор, иқтидори содиротии кишвар ва сатҳи воридот, сатҳи таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ андешаи худро манзур гардонид. Падамжа Ханделвал бо такя ба ислоҳотҳои татбиқшуда дар низом зикр кард, ки айни замон бо кӯшишҳои роҳбарияти кунунии БМТ низоми бонкии мамлакат нисбат ба чанд соли қабл муътадил арзёбӣ шуда, ояндаи наздик устувории он аз эҳтимол дур нест.

Март 16, 2019 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд