Бонувони афғон дар Тоҷикистон усулҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулодаро меомӯзанд

Март 29, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ—методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 март аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.

Тавре аз Кумита ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, давраи аввали омӯзишӣ дар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкории наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шуда буд, баргузор мегардад.

Тайи як ҳафтаи оянда наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ  усулҳои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот  бо истифода аз  як силсила таҷҳизот ва воситаҳои ҳимояи шахсиро тамрин мекунанд.  Дарсҳо бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ ва аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Британияи Кабир гузаронида мешаванд.

Дарси омӯзишии мазкур барои ҳамкориҳо миёни наҷотдиҳандагони ду кишвар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар ҳоли ба вуҷуд омадани офати табиӣ равона гардидааст.

Март 29, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид