Чорабинии сатҳи баланди ҳайати Тоҷикистон дар СММ таҳти унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим»

Март 28, 2019 08:38

ДУШАНБЕ, 28.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 марти соли 2019 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон дар СММ чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чорабинии мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои Канада, Япония, Мексика, Марокаш, Россия, Сингапур, Швейтсария, Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва ниҳоди СММ-Об доир шуд, намояндагон ва мутахассисони зиёда аз 130  кишвари аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалиро гирди ҳам овард.

Чорабинӣ бо суханони Раиси Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ Мария Эспиноза оғоз гардид. Дар рафти маросими мазкур ҳамчунин Сарвазири Фиҷи Вореге Байнимарама, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Фиристодаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Саммити иқлим Луис Алфонсо де Алба, Муовини вазири энергетика, канданиҳои фоиданок ва рушди устувори Марокаш ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ дар ҳошияи ду панел дар мавзӯъҳои «Амалҳо дар соҳаи обу иқлим» ва «Воситаҳои татбиқ» бо гузоришҳои ҷолиби намояндагони кишварҳои аъзо ва ниҳодҳои мухталифи СММ, аз ҷумла Вазири муҳити зисти Малдив Ҳуссайн Рашид Ҳассан, Вазири муҳити зисти Миср Ясмин Фуад, Вазири муҳити зисти Италия Серҷио Коста, Муовини вазири корҳои хориҷии Мексика Марта Делгадо ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ЮНЕСКО, Донишгоҳи СММ, Майкрософт ва дигар идома ёфт. Мизи мудаввари аввал таҳти раисии С. Муҳриддин доир гардид.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки сабаби зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд. Сироҷиддин Муҳриддин инчунин аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии миқдори зиёди пиряхҳо ёдовар гардид.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирӣ намудани раванди амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” даъват ба амал овард.

Март 28, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд