Дар Давлати Кувайт ҷашни Наврӯзро пуршукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба фарорасии Наврӯзи байналмилалии фархундапай дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад дастархони тоҷикӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, намунаҳои санъат аз гулдӯзӣ, гилкорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, аксҳо аз минтақаҳои сайёҳии кишвар барои тамошобинон ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш ба тамошобинон таомҳо ва шириниҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардиданд.
Дар ҷашни Наврӯзи Сафорат Мушовири Девони Амирӣ Муҳаммад Абдуллоҳ Абулҳасан, муовини Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, намояндагони илму адаб, вазорату идораҳо, аҳли фарҳанг, рӯзноманигорон ва шаҳрвандони тоҷики муқими Кувайт иштирок доштанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






