Дар Душанбе дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» ҳамоиш доир гардид

Март 15, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 15.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе  дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» (ТТИКТО)-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари миёнамуҳлат/ибтидоӣ баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиқ шуда истодааст. Мақсади асосии лоиҳа ташкили низоми доимии ҳамкории муассисаҳои  таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш бо корфармоён дар тайёр  кардани  мутахассисони  рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад.

Дар кори семинар Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, инчунин дигар масъулони   Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,   намояндагони   Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки лоиҳаи ТТКТО дар асоси  созишномаҳо байни Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии  Рушд аз соли 2016 амалӣ мешавад. Тамоми паҳлуҳои лоиҳаи мазкур бо принсипҳои  сиёсати давлатии дар  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи  то соли 2030 дарҷгардида мувофиқ буда, баҳри амалӣ гардидани он  мусоидат менамояд.   Бо такя ба Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 тадбиқи лоиҳа ба ҳалли масъалаҳои  модернизатсияи методологияи таълимӣ дар литсейҳои  касбии техникӣ  тавассути истифодаи стандартҳо барои ҳар як касб ва барномаҳои таълимӣ дар асоси  салоҳият равона шуда, омодасозии кадрҳоро барои панҷ соҳаи афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз  ҷумла сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия амалӣ менамояд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зикр намуд, ки  омода намудани захираҳои меҳнатии баландихтисос  яке аз  самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои паст кардани  сатҳи  камбизоатӣ,  шиддатнокӣ дар бозори меҳнат  ва кам  намудани осебпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон аз омилҳои  беруна  мусоидат хоҳанд намуд.

Қобили тазаккур аст, ки  ба ин масъалаҳо  дар Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои то соли 2030  афзалият дода шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон  ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии мамлакатро яке аз  самтҳои  стратегии тараққиёти давлат муаррифӣ намуданд, ки омодасозии кадрҳои  баландихтисос ва рушди малакаҳо  яке аз роҳҳои асосии расидан  ба ин ҳадаф мебошад.  Метавон гуфт, ки лоиҳаи дуюми Бонки Осиёии Рушд барои расидани ба ин ҳадаф  мусоидат менамояд.

С.Тағойзода изҳор намуд, ки дар тадбиқи лоиҳа дар 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомӯзӣ ва  соҳибкорӣ  аз рӯйи 17 ихтисос  синфхонаҳои таълимӣ ва устохонаҳо  таъмир карда шуда, онҳо бо таҷҳизоти  замонавӣ, ашёву аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз мегарданд.  Инчунин биноҳои хобгоҳи хонандагон таъмиру тармим гардида, барои зисти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ҳамчунин дар семинар зикр карда шуд, ки    дар доираи лоиҳа инчунин барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат татбиқ мешавад, ки ба баҳогузории салоҳиятнокӣ ва гузаронидани шаҳодатномакунонии хатмкунандагони литсей ва марказҳои таълими калонсолон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда, хусусан муҳоҷирони баргашта, ки малакаҳои амалиро тавассути таҷрибаи корӣ дар дохил ё хориҷи кишвар аз худ намудаанд, машғул мешавад.

Гуфта шуд, ки то аввали  моҳи марти соли 2019 дар доираи барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи  бозори меҳнат ба 1384  нафар  касбҳои гуногуни бозоргир омӯзонида шуда, ба 22 нафар шаҳодатномаи  малака дода шуд. Дар доираи барномаи мазкур 264  нафар  бо ҷойи кор  таъмин гаштанд.

Март 15, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид