Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба сармоягузории ҷавонон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 27.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Акнун амал кунед – то ояндаро эҷод кунед»-таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 28-29 марти соли равон конфронси минтақавӣ оид ба сармоягузории ҷавонон баргузор мегардад.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, иштирокчиёни конфронси минтақавӣ бештар дар бораи вазъи сиёсию ҷамъиятӣ ва ҳаёти бевоситаи ҷавонон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он маълумоти бештар ҳосил менамоянд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси бевоситаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи Осиё ва Рушд, Хазинаи ҷамъиятии Япония ва Фонди рушди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Дар конфронс ҳамчунин ба масъалаи фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварҳо, иштирок ва ҳамкории бевоситаи ҷавонон дар хаёти парламентҳои мамлакатҳояшон ва натиҷаи тадқиқоти демографии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар конфронси мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои муқимии корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд, иштирок менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






