Дар Душанбе таҳти раёсати Қоҳир Расулзода ҷаласаи Комиссия оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот баргузор гардид

Март 6, 2019 15:02

ДУШАНБЕ, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, талаб карда шуд.

Дар ҷаласаи шашуми Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот ҳозирин аз ҷаласаи гузашта натиҷагирӣ ва барои оянда вазифагузорӣ намуданд. Тавре маълум шуд, дар асоси имтиёзҳои додаи Ҳукумати мамлакат тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротшаванда афзоиш ёфт. Ҳамин буд, ки дар самти қонеъсозии талабот бо бисёр намуди маҳсулот, кам кардани воридот ва афзоиш додани содирот натиҷаҳои баланд ба даст омаданд.  Ҳадафи чорум эълон шудани саноатикунонӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудани ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, 300 рўзи ислоҳот ва дигар тадбирҳои роҳандозишудаи таъминкунандаи пешрафт рушди соҳаро фароҳам месозанд.

Муваффақияти зиёд, қабл аз ҳама, дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд.

Истеҳсоли қисми зиёди номгўи маҳсулоте, ки ҳамчун воридотивазкунанда муайян шудаанд, афзоиш ёфт. Аммо боз ҳам бештар намудани тавлиди маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигаронидашуда зарур дониста шуд.

Бештар намудани коркарди алюминий ва аз он афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот марҳила ба марҳила таъмин мегардад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки бо назардошти ҳолати мавҷуда афзоиш додани коркарди пахта то сатҳи ниҳоӣ ва кам намудани содирот бе коркард, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат бармеояд, зарур аст. Зеро аз миқдори умумии пахтае, ки истеҳсол мегардад, ҳамагӣ 21 фоизаш дар Тоҷикистон коркард мешаваду халос. Дар ин баробар ҳавасмандсозии хоҷагиҳои пахтакор зарур аст.

Натиҷаи тадбирҳои доимӣ буд, ки соли 2018 дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон нақши содирот нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардид.  Аммо бо назардошти майдони мавҷудаи боғу токзор содироти меваю сабзавот хеле кам аст.

Бояд тадбирҳо ҷиҳати пешгирии маҳсулоти воридотии пастсифат ва ҳимояи истеҳсолоти ватанӣ ҷоннок карда шавад. Зеро баъзан маҳсулоти пастсифати воридотӣ бо арзиши паст метавонад ба пешрафти соҳа таъсир гузошта, саломатии миллатро зери хатар гузорад.  Ҳамзамон гуфта шуд, ки тадбирҳо барои таъмини пешрафти соҳа бояд бо назардошти дурнамо иҷро карда шаванд.

Аз ин лиҳоз сохторҳои марбута барои ҷоннок намудани фаъолияту пешбурди кор ва зиёд намудани истеҳсолу коркарди пахта ва алюминий вазифадор карда шуданд. Зеро ҳолати воқеӣ нишон медиҳад, ки новобаста аз истеҳсоли ҳамон намуди маҳсулот дар Тоҷикистон баъзе сохторҳо онро аз хориҷ ворид мекунанд.

Сарвазири мамлакат ёдовар шуд, ки барои рафъ намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳа ва таъмини пешрафт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ ва ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати мамлакат масъулини сохторҳоро вазифадор намуда буданд. Иҷрои саривақтӣ ва бе чуну чарои ин дастуру супоришҳо талаб карда шуд.

Дар охири ҷаласаи шашуми Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот вазифаҳо барои минбаъда мушаххас карда шуданд.

Март 6, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»