Дар Хуҷанд рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ороста шуд

Март 20, 2019 13:03

ХУҶАНД, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ бо баландии 10 метр бо 7 қабат ороста шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ин рамзи наврӯзии арчамонанд бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд бо дастури шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» гузошта шуда, то поёни ҷашни Наврӯз ба шаҳр зеб мебахшад. Шабона ин рамзи наврӯзӣ чароғон гардида, ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон мубаддал хоҳад гардид.

Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, дар дохили он сабзаҳои гандум ҷойгир шудаанд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шуда, дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирин суманак ва гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудаанд.

Март 20, 2019 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд