Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим масъалаи рушди сайёҳӣ дар мамлакат матраҳ гардид

Март 1, 2019 15:40

ДУШАНБЕ, 01.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Рушди бахши сайёҳӣ дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус дорад. Аз ин рӯ бояд дар татбиқи ин ҳадаф ҳамаи хизматчиёни давлатӣ саҳмгузор  бошанд.  Ин матлабро муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азизулло Мирзозода дар нишасте, ки  дар ин ниҳод доир гардид, баён дошт.

Нишасти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар иртибот  ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи руши сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар нишаст ҳамзамон муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода доир ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва пешрафту камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа андешаҳояшро баён намуд.

Дар анҷом миёни иштирокдорон доир ба масъалаи рушди сайёҳӣ дар кишвар табодули назар карда шуд.

Март 1, 2019 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад